Сӯхтор дар анбори пахта дар Тошканд

© PixabayПожарные тушат огонь, архивное фото
Пожарные тушат огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беш аз 2000 метри мурабаъи анбор аз сӯхтор наҷот дода шуд. Сабаби сӯхтор ва хисороти он муайян карда мешавад

ДУШАНБЕ, 15  июн — Sputnik. Шоми дирӯз, 14 июн дар яке ах анборҳои пахтаи шаҳри Тошканд сӯхтор сар зад. Сӯхтор 1500 метри мурабаъи анборро ба коми худ кашидааст, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Ӯзбекистон.

Сӯхтор дар Бозори марказии Шаҳритус ва шарҳи Вазорати корҳои дохила

"Гурӯҳи наҷотдиҳандагон ва оташнишонон соати 18:45 ба ҷои ҳодиса расиданд ва оташро то соати 21:23 пурра хомӯш карда шудааст. Беш аз 2000 метри мурабаъи анбор аз сӯхтор наҷот дода шуд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки сабаби сӯхтор ва хисороти он муайян карда мешавад.

Сӯхтор дар корхонаи коркарди нафт дар Тоҷикистон: ба корхона хисороти калон овард

Ҳамчунин дар яке аз анборҳои вилояти Андиҷон сӯхтор сар зада ва беш аз 1200 метри мураббаъи анборо ба коми худ кашида, таҷҳизоти дузандагӣ ва матоъҳои гуногунро нест кардааст.

Лентаи хабарҳо
0