Фавти писари ноболиғ ва марди 45 сола дар ду садамаи рӯзҳои ахир

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия / Гузариш ба медиабонкДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз сар задани ду садамаи маргбор, ки бар асари онҳо фавти як писарбачаи 16-сола ва як марди 45-сола сабт шудааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, санаи 16-уми июни велосипедрони ноболиғ, Ҳайётов Шарифҷон Раҷабалиевич, сокини ҷамоати деҳоти С.Айнӣ ноҳияи Хуросон зери чархи автомашинаи “Мерседес-Бенс-313”  ба ҳалокат расид.

Сгоревшая машина - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор: хонуми 29-сола худравро ба ҷарии 20 метрӣ сарозер кард

Бино бар иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс-313” Ҷӯраев Эраҷ Файзуллоевич, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрони ноболиғ, Ҳайётов Шарифҷон Раҷабалиевич, соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати деҳоти С.Айнӣ ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа ноболиғ, Ҳаётов Шарифҷон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин як ҳодисаи маргбор дар шаҳри Ваҳдат сурат гирифтааст.

Бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин ҳодисаи нохуш  санаи 17-уми июни соли 2020, рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғам «Опел Астра», Ғиёсов Фахриддин Фаёзидинович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат кардан аз тарафи кӯчаи Деҳотӣ ба самти куҷаи 50-солагии Тоҷикистон дар кӯчаи И.Хиёеви ноҳияи Фирдавсӣ пиёдагард, Зухуров Илҳом Эгамбердиевич, соли таваллудаш 1975, сокини пойтахтро пахш намудааст”, - қайд кардааст манбаъ.

ВУД зикр намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард, Зуҳуров Илҳом ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
гуфта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқотро идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0