21:41 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
55801

Додгоҳи Вилояти Суғд Сайфиддинов Парвизҷонро дар қатли ваҳшиёнаи фарзанд ва ҳамсари бародараш муттаҳам донита 22 сол равонаи зиндон кардааст

ДУШАНБЕ, 19  июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Додситони кулли Тоҷикистон Сайфиддинов Парвизҷон дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳоти Хистеварз бо ахли оилаашон зиндагонӣ карда, бинобар рафтору кирдори ҳамсари бародараш Абдусаломзода С., ки ӯро мунтазам бо баҳонаи бекоргардию тайёрхӯрӣ таҳқир менамуд, бадбинӣ пайдо намудааст.

© Sputnik / Максим Блинов

Ба иттилои манбаъ, Сайфиддинов Парвизҷон ҳамчунин нисбати духтарчаи ҳамсари бародараш, хурдсол Аюбова Қ.С. низ нафрат намуд, ки аз шавҳари аввалаи Абдусаломзода С. буда, ҳамроҳи модараш ҳамчун узви оилаи бародараш зиндагӣ мекард.

Манбаъ мегӯяд, бо сабаби ҷанҷоли оилавӣ ду маротиба бе иҷозати шавҳар ва падару модари ҳамсараш ба хонаи падару модари худ ба шаҳри Исфара рафтани Абдусаломзода С.-ро ӯ камоли беэҳтиромию нописандӣ нисбати падару модараш ҳисобида, баҳри ҷазо додан нақшаи қасди куштори онҳоро мекашад.

Дафтари матбуотии Додситонӣ мегӯяд, Сайфиддинов Парвизҷон бо мақсади амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронааш дар манзили истиқоматиашон хурдсол Аюбова Қ.С.-и шашсоларо бо истифодаи корди хоҷагӣ ба узвҳои ҳаётан муҳими ӯ зада, номбурдаро ба ҳалокат мерасонад.

Қатли модарандар аз сӯи ноболиғи 17 сола: як корд ба пушташ задааст

Гуфта мешавад,  вақте модар барои наҷоти тифли хурдсолаш меояд Сайфидинов ӯро низ бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳимаш корд задааст, ки номбурда аз таъсири ин ҷароҳатҳои халандаи рагҳои калони хунгарди қисми чапи гарданаш ва хунравии зиёд ба ҳалокат расидааст.

Қаҳрамони филми "Дар орзуи падар" муҷозот шуд: додгоҳ Меҳрубонро 15 сол зиндон кард

Прокуратураи генералӣ мегӯяд, пас аз боздошт ва баррасии парванда бо ҳукми суди вилояти Суғд Сайфидинов Парвизҷон дар содир намудани куштор гунаҳгор дониста шуда, 22 сол равонаи зиндони низомаш сахт гардид.

 

Мавзӯъҳои асосӣ