09:23 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
30302

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як ноболиғи 17 соларо бо ҷурми куштор боздошт кардааст  

ДУШАНБЕ, 19  июн — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, бо иттиҳоми куштор ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён дастгир карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 17-уми июни соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа дар ҷамоати деҳоти С.Истиқлол бо ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи мазкур аз сабабҳои муносибатҳои оштинопазир баҳсу мунозира карда, аз замин дости алафдаравиро гирифта, ба қисми чапи қафаси синаааш задааст.
“Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст” ,- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, нисбат ба гумонбаршаванда аз тарафи прокуратураи ноҳия парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ