10:10 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
334 0 0

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин боз ба савол дар бораи муошират бо набераҳояшро ҷавоб дод

ДУШАНБЕ, 21  июн — Sputnik.  Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки бо наберагонаш гуфтугӯ мекунад.

Ҳамзамон, раҳбари Русия иқрор шуд, ки ин хеле кам рух медиҳад.

"Кам аст, аммо ман албатта бо онҳо муошират мекунам",-гуфт Путин дар шабакаи телевизиони “Россия 1”.

Ёдрас мешавем, дар рафти пахши мустақим дар соли 2017 Путин бори нахуст дар бораи наберагонаш гуфт. Президент соҳиби 2 набера будааст.

Он вақт раисҷумҳур изҳор дошт, ки духтарон ва набераҳояш зиндагии одӣ доранд. Вай таъкид кард, ки намехоҳад онҳо мисли "шоҳзода" калон шаванд.

"Барои ин бояд онҳо байни кӯдакон муошират кунанд", - гуфт президент.

Дертар дар мусоҳиба бо Оливер Стоун Путин иқрор шуд, ки набераҳояшро дӯст медорад, аммо вақти бо онҳо бозӣ кардан, надорад.

Дар як изҳороти охирин президенти Русия қайд кард, ки наберагонаш метавонанд дар вақти зарурӣ ба Кремл занг зананд.

Мавзӯъҳои асосӣ