02:26 09 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
729 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти зани 51-сола, ки дар кирдори қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, хабар дод

ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, зимни як амалиёти махсус аз тарафи кормандони милитсияи кишвар зани 51-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247, 245, 340 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд, барои содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки номбурда, аввалҳои моҳи октябри соли 2019, дар кӯчаи Бухоро ба бовари зани 38-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Кадиллак” ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи БМВ ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ автомашинаҳорро фурӯхта, маблағашонро бар мегардонад.

Дигарбора дастгир шудани Дамонов барои қаллобӣ ҳангоми додани замин

“Автомашинаҳоро фурӯхта 150 ҳазо сомониашро дода, 120 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст”, - қайд намудааст ВУД Тоҷикистон.

Дар ҳоли ҳозир, бино бар иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон нисбати гумонбаршавнда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
ислоҳ, вазорати умури дохила, зиндон, гумонбар, қаллобӣ, боздошт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ