13:46 03 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
218 0 0

Кормандони пулиси пойтахт як занро боздошт кардаанд, ки дар ғорати хонаи собиқ ҳамсар муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон муттаҳам дар пайи шикояти , як сокини 60-солаи пойтахт ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Ин мард изҳор доштааст, ки нимаи рӯзи 21 июни соли равон, шахсони номаълум ба манзили ӯ ворид шуда, 7,5 ҳазор сомониро дуздидаанд.

Вазорат мегӯяд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ин ҷиноят як сокини 56-солаи шаҳри Душанбе, зани пешини ҷабрдида дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ҳодисаи мазкур мавриди тафтиш қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ