Қазоқистон нақша дорад муҷассамаи муборизони зидди COVID-19-ро гузорад

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкМонумент "Астана-Байтерек" в центре Астаны (Казахстан), архивное фото
Монумент Астана-Байтерек в центре Астаны (Казахстан), архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Нур Султон пойтахти Қазоқистон ёдгории муборизони COVID-19 пайдо мешавад. Дар ин бора президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев дар форуми онлайни Biz Birgemiz изҳор доштааст

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Бино ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, Қосим Жомарт Тоқаев гуфтааст, муҷассамаи ёдгорӣ пас аз ғалаба бар коронавирус гузошта хоҳад шуд.

Врач и пациент в госпитале для лечения больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши фавт аз коронавирус дар Қирғизистон: 45 мариз дар ҳолати вазнин қарор доранд

“Ҳаминки ба ин беморӣ ғолиб омадем, дар пойтахт бояд ёдгорӣ ба ифтихри мардонагии шаҳрвандон барои мубориза бо коронавирус гузошт. Ба ҳамаи шаҳрвандони Қазоқистон шукуфоӣ таманно дорам. Мо бешубҳа ғалаба хоҳем кард, зеро мо якдилем”, - таъкид кардааст сарвари давлат.

Номбурда ҳамчунин бо арзи сипос ба муборизони ҳақиқӣ бар зидди COVID-19 ба 343 нафар ордени "Миннатдории мардум" (“Халық Алғысы”)-росупоридааст.

Ӯ гуфтааст, ман боварӣ дорам, ки ҷоизаи нави давлатӣ ба ватандӯстони ҳақиқии кишвар тақдим карда мешавад.

Ёдовар мешавем ордени "Миннатдории мардум" (“Халық Алғысы”) барои муборизони зидди COVID-19 моҳи май таъсис дода шуда, имрӯз нахустин маротиба ба сазоворони он супорида шуд

Ёдовар мешавем ҷоиза барои муборизони зидди коронавирус бо туҳфаҳои пулӣ низ дар Ӯзбекистон таъсис дода шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0