14:04 03 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
66301

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз наҷот додани як сокини 43 - солаи пойтахт хабар медиҳад, ки худро болои пули роҳи оҳан ба замин партофтанӣ буд

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Сокини 43 - солаи Душанбе шаби 24 ба 25 - уми июн ба мақсади худкушӣ кардан худро аз болои пули роҳи оҳан ба замин партофтанӣ буд.

Ба дафтари КҲФ соати 00:38 дақиқаи шаби 25 - уми июн нафаре занг зада, аз сӯиқасд ба худкушӣ намудан як зан хабар дод.

Сокини 57 - солаи Турсунзода пас аз қатл намудани ҷияни ҷавони худ даст ба худкушӣ зад

Котиботи кумитаи мазкур хабар медиҳад, ки бодарёфт намудани ин маълумот наҷотбахшон ба макони ҳодиса сафарбар шуданд.

Манбаъ меафзояд, ин зан хост аз болои пули роҳи оҳани шафати шаҳраки 103 худро ба замин партояд.  

"Дастаи зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расид ва  тахминан соати 01:09 дақиқа шаҳрвандро аз болои пул поин овард ва ҷонашро аз марг раҳонид", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, номбурдаро барои таҳқиқу тафтиши минбаъда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим намуданд.

Барчаспҳо:
худкушӣ, зан, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ