02:16 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1098803

Кормандони пулиси ноҳияи Деваштич аз боздошти як ҷавон хабар медиҳанд ки бо “шантаж”-и ҷавонзанони деҳотӣ аз онҳо пулу наворҳои маҳрамона мегирифтааст

ДУШАНБЕ, 25  июн — Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯӣ Раёсати ВКД дар Суғд, Ҷалолзода Сафаралии 25-сола сокини ноҳияи Кӯшониён бо иттиҳоми тамаъҷӯйӣ аз се ҷавонзан, сокинони ноҳияи Деваштич боздошт гаштааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда тамаъҷӯйиро бо усули шантаж анҷом додааст. Боздоштшуда давоми соли ҷорӣ бо ҷавонзанҳо тавассути телефон шиносоӣ ва робита барқарор намуда, дар давраи муносибат бо роҳи фиреб акси онҳоро ба даст меорад.

Занони оиладор ба Сафаралӣ наворҳои урёни худ ва пул додаанд-видео

Манбаъ мегӯяд, баъди ба даст овардани аксҳо ва дигар маълумоти шахсӣ, номбурда шарт мегузорад, ки агар минбаъд ҷавонзанҳо аксҳо ва навори урёни худро нафиристанд, маълумоти дар даст доштаашро расонаӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, барои ҷавонзанҳои деҳотии оиладор чунин таҳдиди беобрукунанда баробар бо марг буд ва бо умеди халосӣ ба шарти ӯ розӣ мешаванд, ки чунин корашон онҳоро дар назди гумонбаршуда бечоратар кардаву манбаи даромади ӯ мегарданд.

Боздоштшуда бо усули таҳдиди беобрукунӣ аз се ҷавонзани ноҳияи Деваштич беш аз 5 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

ВУД мегӯяд нисбат ба боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ин нахустин ҳолати тамаъҷӯйи бо чунин усул набуда, қаблан низ Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти ҷавони 24-сола, сокини шаҳри Истаравшан хабар дод, ки ба иттилои манбаъ бо таҳдиди паҳн намудани маълумоти беобрӯкунанда аз як зани 44-солаи ҳамшаҳрияш 400 ҳазор сомонӣ гирифтааст

 

Барчаспҳо:
навор, акс, ҷавонзан, тамаъҷӯӣ, ҷавон, боздошт, РВКД дар вилояти Суғд, Деваштич, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ