Додгоҳ "Муқимча" ва гуруҳашро ба 125 соли зиндон маҳкум кард-видео

© МВД по городу ДушанбеЛидер преступной групировки Курбонов Муким
Лидер преступной групировки Курбонов Муким - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми зиндони Қурбонов Муқими 54 - соларо, ки дар байни гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бо тахаллусҳои "Муқимча" ва "Бачаи кампир" шинохта мешуд, ҳамроҳи гуруҳаш содир кард

ДУШАНБЕ, 25  июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи расмии додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, Қурбонов Муқими 54 - сола, сокини шаҳри Норак, ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Кибил, саркардаи гуруҳи ҷиноӣ, дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳгор дониста шуда, барои 20 сол равонаи зиндон гардид. Муқимача ҳамроҳи гуруҳаш дар маҷмуъ ба 125 соли зиндон маҳкум шудааст.

Пайроҳаи қочоқ - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Тафсилоти бештари боздошти "Муқимча" бо шогирдони нашъаҷаллобаш - навор

Аз ҷумла ба иттилои додгоҳ, Назиров Сироҷ ба муҳлати ҳабдаҳ сол, Назиров Руҳангез ба муҳлати бист сол ва Салимдодов Шамсутдин ба муҳлати шонздаҳ сол бо адои ҷазо дар зиндонҳои низомашон сахт маҳкум шуданд.

Инчунин бо қарори додгоҳ Латифов Зоир ба муҳлати ҳабдаҳ сол, Боронов Ҳикматулло ба муҳлати бист сол ва Қаландаров Доваршо ба муҳлати понздаҳ сол зиндонӣ гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ ду нафар аз маҳкумшудаҳо - Назиров Руҳангези 31 сола ва Боронов Ҳикматуллои 45-сола қаблан зиндонӣ шуда, тариқи авф озод шудаанд. 

Зикр шудааст, ки Қурбонов Муқим, саркардаи гуруҳ бошад, ду маротиба бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Русия маҳбасӣ шудааст.

Гуфта мешавад муттаҳамон сокинони Хуҷанд, Норак, Шамсиддини Шоҳин ва Душанбе мебошанд.

Қаблан мақомот хабар доданд, ки гуруҳи муташаккили ҷиноӣ аввали моҳи апрел аз сӯи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе  боздошт ва аз онҳо ба миқдори 70 кило маводи мухадддир мусодира карда шуд.

Раёсати ВКД дар пойтахт он замон гуфт, дастгиршудагон чун занҷира ва ҳалқаҳои ҷиноятӣ бо ҳамдигар пайваст ва робита дошта, воситаҳои нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоби кишвари ҳамсоя, яъне Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, сипас ба кишварҳои дигар интиқол медодаанд.

Гуфта мешавад, гурӯҳи муташаккил таҳти роҳбарии Қурбонов Муқим, ки дар байни гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бо тахаллусҳои "Муқимча" ва "Бачаи кампир" маъруф аст, фаъолияти ҷиноятӣ менамуданд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0