00:55 09 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
823 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз рух додани садамаи маргбор дар ҳудуди заминҳои кӯҳсори ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, садамаи маргбор санаи 25-уми июни соли равон, тахминан соати 06:30-дақиқа дар ҳудуди заминҳои кӯҳсори ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент рух додааст.

ВУД Тоҷикистон таъкид доштааст, ки ронандаи автомашинаи “УАЗ-452” Хӯҷабеков Орифхӯҷа Темурхонович, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди заминҳои кӯҳсори ҷамоати деҳоти Моғиён аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи садамаи мазкур мусофири 31-солаи дар дохили мошин буда, Муродхонов Зафар Ёрхуҷаевич, сокини ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Манбаъ зикр намудааст, ки худи ронанда Хуҷабеков О.Т. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид намудааст, ки аз руи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Барчаспҳо:
Панҷакент, садама, садамаи маргбор, вазорати умури дохила, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ