23:35 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
426210

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Шаҳбоз Фаттоев, як блогери ҷавони тоҷик хабар дод, ки дар як навор бо истифода аз таппонча ба “бахилҳо” таҳдид кардааст. Фаттоев дар навор мардумро ба обунашавӣ даъват карда, таъкид намудааст, ки бахилҳоро меқапад, мезанад.

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik.  Мақомоти милисаи Душанбе хабар доданд, ки ҳафтаи ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ, махсусан Инстаграм навори ҷавоне нашр гардид, ки дар дасташ яроқи монанд ба таппончаи Макаров таҳдид кардааст, ки метавонад нафарони гӯиё “бахил”-ро паронад.

Ба иттилои манбаъ, муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Фаттоев Шаҳбоз, сокини 20-солаи шаҳри Душанбе буда, дар саҳифаи интернетиаш худро ҳамчун “блогер” муаррифӣ намудааст.

“Номбурда ба хотири худнамоишдиҳӣ ва бо ин васила машҳур гардидану зиёд намудани сафи аъзоёни саҳифаи иҷтимоии интернетиаш ҳангоми қарор доштан дар дохили автомашина таппончаи дар навор инъикосгардидаро гирифта, баъди сабти навори мазкур онро дар саҳифаи Инстаграмаш нашр намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ гуфт, таппонча газӣ буда, мусодира карда шуд.

Нисбати Фаттоев Шаҳбоз барои нашри чунин навори таҳдидовар ва ба таҳлука овардани шаҳрвандон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шудаст.

Мавзӯъҳои асосӣ