Садамаи мудҳиш дар Восеъ оилаи Комиловҳоро мотамзада кард: ду тан ҳалок ва дуи дигар захмӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар роҳи Восеъ хабар медиҳад, ки ба ҳалокати ду нафар аз як хонавода оварда расонд

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Садамаи мудҳиши нақлиётӣ рӯзи 26-уми июн, тахминан соатҳои 22:00 дақиқа дар роҳи Ховалинг самти Восеъ рух додааст.

Қурбонии садамаи нақлиётӣ дар вилояти Маскав. Шаҳрванди Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбори ду акаву додари тоҷик дар Русия: навори лаҳзаи мудҳиши садама нашр шуд

Ба иттилои котиботи ВУД, ронандаи автомашинаи тамғаи "Ваз 21214", Комилов Сайҳомид Сангалиевичи 49 - сола, сокини ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти ноҳияи Восеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ мавзеи "Куталҳуштак" аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои бордони автомашинаи тамғаи "Газ-52-04", таҳти идораи Холов Мирзои 57 - сола, сокини ҷамоати деҳоти А.Рӯдакии ноҳияи Восеъ бархӯрдааст.

Шарҳи расмии КҲФ аз садама дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Ваз 21214", Комилов С.С. ва мусофири автомашинаи мазкур Комилов Султон Сангалиевич, соли таваллудаш 1973, сокини ҷамоати деҳоти М Вайсов ноҳияи Восеъ ва аъзои як хонавода ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидаанд.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки инчунин мусофирони дигари автомашинаи тамғаи "Ваз 21214" ду пайванди дигари марҳумон, Комилов Сайдаҳмади 43 - сола ва Комилова Файзигули 56 - сола ҷароҳатдор шуданд.

Садама дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд: шаш нафар аз доми марг наҷот ёфтанд

Ҳамчунин, Нурова Гулбегими 40 - сола ва ноболиғ Муҳамадовуди Сайҳомиди 8 - сола, ки ҳамагӣ сокинони ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ мебошанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

ВУД ТОҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0