10:00 21 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.21
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1094 0 0

Вазорати корҳои дохилиии Тоҷикистон расман гирдиҳамоиҳое, ки дар пайи боздошти як қочоқбар дар ноҳияи Рушони ВМКБ сар зад, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон санаи якуми май қочоқчии ашаддии маводи мухаддир Шароф Қобилов 44 сола ва ҷинояткори махсусан хавфнок Фирдавс Гадомамадови 44 сола ҳарду сокинони ноҳияи Рушон дастгир гардидаанд, ки қаблан низ доғи судӣ доштаанд.

Манбаъ мегӯяд, баъди боздошт аз ҷониби КДАМ нисбат ба муттаҳамон парвандаи ҷиноӣ боз карда ба додгоҳи ВМКБ ирсол карда шуд.

“Дар ин замина як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ва бо ГМҶ алоқаманди ноҳия ҷиҳати дастгирии қочоқчиёни воситаҳои нашъадор барои пешбурди фаъолияти хизматии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рӯшон монеагӣ эҷод намуданд, ҳамзамон тартиботи ҷамъиятиро вайрон ва осудагии одамонро халалдор карда, ба майдаавбошӣ даст задаанд”,- афзудааст манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи ин ҳолат баҳри ҳифзи тартиботи нисбати Ғуломайдаров Ёдгори 44 сола, Мавлододов Ҳабиби 43 сола ва Бахтибеков Илчибеки 55 сола нафақахӯр сокинони ҳамин ноҳия, протоколҳои дахлдор тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суди ноҳияи Рӯшон барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд.

Шарҳи ҳукумати Хоруғ дар бораи хабар ва акси "гирдиҳамоӣ барои иҷозат надодани футбол"

Дафтари матбуотии ВКД мегӯяд, ҳамчунин, барои вайрон намудани талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ сокинони ноҳияи Рӯшон Ғарибшоев Ғарибшои 36 сола, Бодуров Дарзуи 33 сола, Хушназаров Азамати 29 сола, Мазабшоев Муҳаммади 29 сола , Фародбеков Аъзамҷони 43 сола, ҳар кадом ба маблағи 406 сомонӣ ҷарима карда шуданд.

“Номбурдагон ба амалҳои ғайриқонунии худ иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд”,-афзудааст манбаъ.

ВУД мегӯяд зарарҳое, ки аз чониби чинояткорон расонида шуда буданд, аз ҷониби худи онҳо пурра барқарор карда шуд.

Барчаспҳо:
навор, гирдиҳамоӣ, Рӯшон

Мавзӯъҳои асосӣ