03:52 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
342 0 0

Масъулини Вазорути умури дохилаи Тоҷикистон аз ошкори ду ҷиноят ва боздошти се шаҳрванд, барои содир намудани кирдори қаллобӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, зимни амалёти махсус аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

ВУД қайд кардааст, ки номбурда санаи 6-уми июни соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ, даромада, аз ӯ 155 ҳазору 200-сомониро гирифта, ваъда додааст, ки аз Латвия 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Актус” оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои манбаъ нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳамзамон ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ки як ҳодисаи дигари қаллобӣ дар пойтахти Тоҷикистон ошкор шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2019, мардони 47 ва 26-солаи сокинони пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад трактор, ки арзишаш 155 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта ваъда додаанд, ки тракторро фурухта маблағашро бармегардонанд.

Аммо ба гуфтаи марди шикояткарда ин ду нафар то ҳол маблағи ваъда додаашонро надодаанд.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад. 

Барчаспҳо:
боздошт, қаллобӣ, ошкоро, ҷиноят, ВУД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ