10:14 21 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.21
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
276 0 0

Кормандони Раёсати Кумитаи золатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи 29 июн духтари 19-солаеро, ки қасди худкушӣ дошт наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, аз наҷоти духтари 19-солае хабар дода, ки мехост даст ба худкушӣ занад.

Тибқи иттилоии манбаъ, ин духтар сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст ва мехостааст аз болои пули Исмоили Сомонӣ худро ба Сирдарё андозад ва худкушӣ кунад.

Духтари 19-сола дар суҳбат бо кормандони Раёсат сабаби қасди худкушӣ кардани худро муноқишаи оилавӣ гуфтааст. Аммо ҷузъиёти бештареро аз ин муноқиша шарҳ  надодааст.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати Кумита дар вилояти Суғд  қайд кардааст, ки ин 5-умин ҳодисаи қасди худкушӣ аз аввал сол аст.

“Се нафари онҳо сокинони шаҳри Хуҷанд, ки яке ноболиғи 12-сола буд, як нафар сокини шаҳри Бӯстон ва охирини онҳо ҳамин ҷавонзан аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки ҷонаш аз марг наҷот дода шуд”, - зикр карда дафтари матбуоти КҲФ.

Барчаспҳо:
Сирдарё, духтар, худкушӣ, Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ