14:00 03 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1468 0 0

Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҳодисаи мудҳиши куштор хабар додааст, ки дар оилаи Атоевҳо дар шаҳри Ҳисор рух додааст

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои додситонӣ, Воҳидов.М, санаи таваллудаш 6 ноябри соли 2002 дар шаҳри Ҳисор ҳамроҳи падарандараш Атоев Асатулло, модараш Воҳидова Мусалам ва бародарони хурдсоли угайяш Юсуфу Ёсинҷон истиқомат мекардааст. 

"Дар давоми зиндагии якҷоя модараш Воҳидова М.Ҳ. нисбати ноболиғ Воҳидов М.А. муносибати дағалона дошта, ӯро бештар дар иҷро намудани корҳои хоҷагӣ истифода намуда, фарзандони хурдсолаш Атоев Ю.А. ва Атоев Ё.А.-ро  нисбат ба ӯ бештар  дустдорӣ мекардааст ва дар ин замина рашку хусумати ноболиғ Воҳидов пайдо шудааст", - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Манбаъ афзуд, 12 декабри соли 2019 ноболиғ Воҳидов М.А. дар маҳали зисташ воқеъ дар шаҳри Ҳисор, Ҷамоати деҳоти Хонақои куҳӣ, деҳаи Арбобӣ дар заминаи рашку хусумат модараш Воҳидова  ва бародарони хурдсоли угайяшро ба қатл расонда, хонаю ҷасадҳоро оташ зада, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. 

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи июни соли равон парвандаҳои ноболиғ Воҳидов.М-ро баррасӣ карда, ба ҷазои баландтарин дар чунин ҳолатҳо - ба муҳлати 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи тарбиявии дорои низоми умумӣ маҳкум кард.

Мавзӯъҳои асосӣ