08:35 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
204 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз рух додани садамаи марргбор дар ноҳияи Ховалинг, ки бар асари он як писар 9 ба ҳалокат расидааст хабар дод

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи маргбор санаи 1-уми июли соли равон, тахминан соати 16:00, дар наздикии шаҳраки Ховалинг рух додааст.

ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Форланд”, Мансуров Фирӯз Исматуллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Ғ.Мирзои ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳраки Ховалинг ба самти деҳаи Лоҳутӣ дар гардишгоҳи роҳи деҳаи Токак аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғон, Ҳусейнов Сафарбек Ҳамиддулоевич, соли таваллудаш 2005, ва Хуршеди Ҷамшед, соли таваллудаш 2011, сокинони ҷамоати деҳоти Ҷонбахтро пахш намудааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ, Хуршеди Ҷ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиддааст.

Ҳамзамон ноболиғи дигар Ҳусейнов С.Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ин ҳодиса таҳқиқотро идома доранд.

Барчаспҳо:
писар, ҳалокат, пахш, Ховалинг, вазорати умури дохила, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ