10:17 09 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
106801

Додситонии кулли Тоҷикистон ҷузъиёти парванда ва ҳукми Нуров Нурмуҳаммад, ки дар қатли маъшуқи духтараш муттаҳам мешуд шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, суди вилояти Хатлон Нуров Нурмуҳаммад сокини ноҳияи Панҷ, деҳаи Сафедорони ҷамоати Озодагонро бо ҷурми қатли писари ҳамсоя, ки хушдори духтараш буд, барои 14 сол равонаи зиндон кард.

Ба иттилои манбаъ Хуршед Ғолибови 21 сола моҳи октябри соли 2019 барои оила барпо намудан бо Нурова Дилафрӯз ба хонаи онҳо ба хостгорӣ мераванд, аммо  падари духтар Нуров Нурмуҳаммад дархости  ӯро рад намуда, пас аз як моҳ оиди ба шавҳар додани духтараш ба хеши наздикаш Бобохонов Суҳроб розигӣ додааст.     

Хуршед Ғолибов Ғолибов бо шунидани ин хабар моҳи январи соли 2020  якчанд мароти ба  Нуров Нурмуҳаммад занг зада, хоҳиш кардааст, ки барои оила барпо намудан бо духтараш иҷозат диҳад, чунки   бо Дилафрӯз давоми 3 сол инҷониб  муносибатҳои ошиқона дорад.

Баъдан Хуршед Ғолибов бо домодшавандаи ӯ Бобохонов Суҳроб 14 январи соли ҷорӣ  тахминан соати 15:20  дақиқа ба  хонаи Нуров меоянд.  

Ҳангоми дар ҳуҷраи истиқоматӣ  суҳбат намудан, Ғолибов хуршед боз такрор мекунад, ки бо духтари ӯ Нурова Дилафрӯз муддати 3 сол аст муносибатҳои ошиқона дорад  ва мақсади бо  ӯ оила барпо карданро дорад.

“Дар ин ҳолат Нурова Дилафрӯз, ки дар назди онҳо ҳузур дошт, суханҳои Ғолибов Хуршедро рад намудааст”,-афзудааст додситонӣ.

  Гуфта мешавад, аз шунидани  ин суханҳо Нуров Нурмуҳаммад ба ғазаб омада, кордро бо дасти росташ гирифта, ба тарафи қисми гардани Ғолибов Хуршед ду маротиба зарба мезанад,  ки  аз ҷароҳатҳои бардошта  маъшуқи духтараш ба ҳалокат мерасад.  

Барчаспҳо:
маъшуқа, зиндон, куштор, парванда, Суд, Додситонӣ, Панҷ, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ