14:23 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1186 0 0

Нисбати ҳар се боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар шаҳри Норак се нашъаҷаллоб боздошт гардиданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, кормандони шӯъбаи ВУД дар шаҳри Норак се нафар шаҳрвандонро, ки ба фурӯш ва нигаҳдории маводи мухаддири навъи "ҳашиш" машғул будаанд, дастгир намуданд.

Наҷӯед: 40 ҳазор доллар пора барои халосии саркардаҳои нашъаҷаллобон - видео

Гуфта мешавад, яке аз нашъаҷаллобон Сабуров Манучеҳри 23 - сола, сокини шаҳри Кӯлоб мебошад. Ҳамчунин, миёни дастгиршудаҳо Одинаев Шермаҳмади 28 - сола, сокини ноҳияи Дарвоз ва Қобилҷон Мирзомуддини 29 - сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе қарор доранд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршудагон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД шаҳри Норак павандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
нашъаҷаллобӣ, боздошт, Норак

Мавзӯъҳои асосӣ