14:30 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1356 0 0

Мураббии шинохтаи рус Абдулманап Нурмуҳаммадов дар синни 58-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ дар беморхона даргузашт

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Пас аз бемории тӯлонӣ падари қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов вафот кард, гуфт раиси Чеченистон Рамзан Қодиров.
Абдулманап Нурмуҳаммадов субҳи имрӯз дар синни 58-солагӣ аз олам даргузашт.

"Хабарҳои ғамгин ба ман расиданд, ки Абдулманап Нурмуҳаммадов ин ҷаҳонро тарк кард. Ман аз номи тамоми халқи чечен ба оилаи Абдулманап Нурмуҳаммадов самимона изҳори тасаллият мекунам! Ӯ моро тарк кард ва номи нек гузошта, насли сазоворро ба воя расонид!" -навиштааст Қодиров дар канали Telegram-аш.

Падари размикори доғистонӣ тӯли чанд моҳ бо коронавирус мубориза мебурд.

Абдулманап Нурмуҳаммедов ҳанӯз моҳи май ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардид. Нахуст табобатро дар Доғистон гирифт, аммо пас аз бад шудани аҳволат ӯро фавран ба яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав интиқол доданд, ки ахиран вазъаш вазнин арзёбӣ мешуд.

Абдулманап Нурмуҳаммадов 10 декабри соли 1962 дар Ҷумҳурии автономии Советии Доғистон таваллуд шудааст. Вай аз кӯдакӣ бо гӯштини тарзи озод машғул буд ва дар артиш ба тамрини дзюдо ва самбо сар кардааст.

Марҳум дорандаи унвони Устоди варзиш аз намуди  гӯштини озод мебошад.

Моҳи сентябри соли 2019 Абдулманап Нурмуҳаммедов барои тарбияи шумораи зиёдтарини чемпионҳои самбои муҳорибавӣ ба Китоби рекордҳои Русия дохил карда шуд.

Бидуни беҳбудӣ: вазъи падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов ҳамоно вазнин аст

Тибқи маълумоти расмӣ, Нурмуҳаммедов тӯли давраи мураббигияш 18 қаҳрамони ҷаҳонро ба воя расонидааст. Миёни онҳо Ибрагим Магомедов, Асилдар Абдулҳамидов, Элдар Алиев, Назир Маммадалиев, Мансур Учакаев, Магомед Магомедов ва дигарон ҳастанд.

Мавзӯъҳои асосӣ