11:02 09 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
3000 0 0

Ронандаи автомашинаи "Дулан" аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада ба ҷарии умқаш 40 метр дарёи Панҷ сарозер шуд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Шаби 2 - юми июл, тахминан соати 22:30 дақиқа дар километри 35 шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ, автомашинаи "Дулан" дучори садама шуд.

Ба иттилои котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ронандаи 36 - солаи мошини "Дулан", ба умқи чиҳилметраи дарёи Панҷ сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст.

Садамаи пурқурбонӣ: “Хундай-голопер” бо мусофиронаш ба Панҷ чаппа шуд

Манбаъ меафзояд, чун ҳодисаи нохуш шабона дар қаламрави деҳаи Сангеви ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз рух додааст. Ба эҳтимоли зиёд ронандаро сари чамбари мошин хоб бурдааст.

Феълан сабаби рух додани садамаи мазкур дақиқан маълум нашудаст.

Марҳум ҳамагӣ 36 - сол дошта, сокини деҳаи Шкеви ҷамоати деҳоти Нулванд мебошад. Ҷасади ӯро субҳи имрӯз аз рӯди Панҷ берун оварданд ба пайвандонаш супурданд.

Барчаспҳо:
Хоруғ, Душанбе, роҳ, мошин, садама

Мавзӯъҳои асосӣ