13:31 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
225 0 0

Милитсияи ноҳияи Спитамен, Фурқат Зокиров ҷавони 25 солаи ин ноҳияро дар дуздии пулҳои марказҳои букмекирии “Рахш” ва “Ғалаба” гумонбар дониста, боздошт намудааст

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Ин ҷавон баъди бохтҳои пайдарпайи бозиҳои букмекерӣ ба дуздӣ даст зада, маблағи бо роҳи ҷиноят ба дастовардаашро ҳам дар ҳамингуна бозиҳо масраф намудааст. 

Акбар Шарифӣ, масъули матбуотии Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд гуфт, Фурқат Зокиров дар ҳоле мавриди боздошт қарор гирифтааст, ки ӯ барои тасарруф намудани беш аз 17 ҳазор сомонӣ маблағ аз хазинаи марказҳои букмекерии “Рахш” ва “Ғалаба” дар ҳудуди шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен гумонбар дониста мешавад.

 “Ҳарчанд нуқтаҳои букмекерии аз дуздӣ зарардида дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм ҷойгиранд, вале Зокиров бо маҳорати баланд бе мушкил ба онҷойҳо баромадааст. Тавре гумонбаршуда нишондод медиҳад, аз сабабе, ки худ мизоҷи доимии букмекирхонаҳо буд, тасаввуроти пешакӣ оиди дар куҷо нигоҳдорӣ шудани маблағро доштааст”, - гуфт Шарифӣ.

Алиҷон Рауфзода, сардори ШВКД дар ноҳияи Спитамен дар шарҳи ошкор намудани ин ҷинояти дуздӣ гуфтааст, ки нафаре дар вақти содир намудани ҷиноят дар рӯй ниқоб кашида, симои худро пинҳон доштааст, ки дар чунин ҳолат дақиқ кардани афроди гумонбар зиёд тул кашидааст.

“Дар зимни бурдани як қатор корҳои фаврӣ - тафтишотӣ ба кормандони милитсия дар ноҳияи Спитамен муяссар гардид, ки гумонбаршударо дастгир карданд, ки он Зокиров Фурқат Мақсудҷонович соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен мебошад”, - иттилоъ додааст Рауфзода.

Ҳолати дуздӣ дар дили шаб сурат гирифтааст ва дар вақти бозпурсӣ Зокиров иқрор кардааст, ки “аз хазинаи нуқтаи бозиҳои букмекири 5150 сомонӣ пулро гирифта хона рафта, баъди ду се рӯз боз омода бозӣ карда онро бохтааст”.

Мақомоти милитсия ба ҳисоби дуздии хазинаи марказҳои букмекерии “Рахш” ва “Ғалаба”содир намудани қасди дуздӣ дар ташкилоти бонкии “ОXUS”ро аз ҳаракатҳои ҷиноятии Фурқат Зокиров нисбат медиҳанд.

Зокиров дар дили шаб ба бинои бонк ворид шудааст, вале то расидан ба назди сандуқи оҳанин (сейф) сигнали изтиробии муҳофизатӣ ба кор даромадааст ва ҳамингуна ӯ ба мақсад нарасида аз дохили бонк баромада рафтааст.

Бино ба иттилоъи РВКД дар Суғд аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 244 (дуздӣ) и Кодекси ҷиноӣ нисбати ин сокини ноҳияи Спитамен парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Барчаспҳо:
боздошт, гумонбар, пул, дуздӣ, ҷавон, Спитамен, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ