13:57 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1007 0 0

Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти донишҷӯйи бахши 2 - юми Донишкадаи технологӣ хабар медиҳад, ки ҳамраҳи 22 солаи худро бо корд зада куштаст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Кормандони пулиси Душанбе ҷавони 20 - соларо бо гумони даст доштан дар ҳодисаи куштор боздошт намуданд.

акс аз сафҳаи РВУД Тоҷикистон
Бабаев Ансор гумонбар дар қатли сокини 22 - солаи пойтахт

Котиботи Раёсати умури дохилии дар пойтахт хабар медиҳад, ҳодисаи куштор шоми 29 - уми июн дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух дод.

Манбаъ меафзояд, миёни Бабаев Ансор соли таваллудаш 18-уми октябри 2000, сокини шаҳри Душанбе маҳаллаи Гулбутта, донишҷӯи курси 2-и Донишкадаи технологии Тоҷикистон ва Маҷидов Аюбҷони 22 - сола сокини шаҳри Душанбе муноқиша бархост.

Шавҳар ба милиса шикоят бурд: занам маро бо корд зад

Дар натиҷа Ансор, ки бо корд мусаллаҳ буд ба қисмати рони пои чапи Маҷидов якчанд маротиба зарба задааст.

Гуфта мешавад, Маҷидов аз ҳисоби талаф додани хуни бисёр дар беморхона ба ҳалокат расид.

РВУД Тоҷикистон мегӯяд, айни замон нисбати донишҷӯи гумонбаршуда, бо моддаи 110 қисми 3 банди "в"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабси пешакӣ гирифтан татбиқ карда шудааст.

Барчаспҳо:
боздошт, донишҷӯ, куштор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ