Даргузашти Шоира Бузурукова, вакил ва сартабиби таваллудхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд

© Pixabay/kpereira52291Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоира Бузрукова, сардухтури таваллудхонаи вилояти Суғд санаи 4 июли соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар бораи марги табиб Назира Ғаффорӣ дар саҳифаи фейсбукияш иттилоъ додааст.

Баҳодурхон Раҳматов, донишноманигори шинохтаи тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Баҳодур Раҳматов, донишноманигори шинохтаи тоҷик
“4 июли соли 2020 дили яке аз инсонҳои наҷиб, табиби ҳозиқ, вориси арзандаи Сино, бонуи оқилу бафазилат, номзади илмҳои тиб, роҳбари кордону ташаббускор, ташкилотчии моҳир, зани соҳибмаърифату соҳибикром, матиниродаву накӯкор, зиндагидӯсту зебопараст, ҳалиму меҳрубон, хушсухану хушодоб, модари мушфиқу ғамхор Бузурукова Шоирахон Камоловна аз тапиш бозмонд”,-навиштааст хонум Ғаффорӣ.

Ба навиштаи ӯ, Шоирахон Камоловна барои рушди соҳаи тандурустӣ дар вилоят, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ҳамчун вакили мардумӣ дар Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд дар ҳалли бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа, хосатан дар соҳаи тиб саҳми шоиста гузоштааст.

Аммо дар бораи аз чи беморӣ фавтидани табиб иттилоъ дода нашудааст.

Гуфта мешавад, Шоира Бузурукова, дар раёсати тандурустии вилояти Суғд кор кардаву муддатҳо  таваллудхонаи шаҳри Хуҷандро роҳбарӣ мекард.

Солҳои охир вай ба ҳайси сардухтури таваллудхонаи вилояти Суғд  ва ҳамзамон вакили мардумӣ дар Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд буд.

Лентаи хабарҳо
0