Садамаҳои маргбор дар Тоҷикистон: ду ронанда ҳалок ва ду мусофир бистарӣ шуд

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор хабар додааст, ки дар рӯзҳои истироҳатӣ дар роҳҳои Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Тибқи ититилои ВКД, садамаи аввалӣ рӯзи  4-уми июли соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа ҳангоми ҳаракати ронанда аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳаливарди ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба вуқӯъ пайвастаат.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Давлатов Маликҷон Маҳмадиевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳаливарди ноҳияи Ҷ.Балхӣ, аз уҳдаи идораи автомашина набаромад, ба истгоҳи ҷамоати деҳоти мазкур бархӯрдааст.

"Дар натиҷа худи ронанда, Давлатов М.М. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Инчунин, мусофири автомашина, Азизов Сайфиддин Балаҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини ҳамон ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Бетономешалка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор: мошини махлуткуни бетон ба дарёи Панҷ чаппа шуд

Садамаи дуюм, рӯзи 5-уми июли соли 2020, тахминан соати 19:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Исломов Наҷибулло Амирбекович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Комсомолобод ба самти деҳаи Чинор рух додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба чуқурии 100-120 метр ҷаппа намудааст.

"Дар натиҷа худи ронанда, Исломов И.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи мазкур, Орзуев Насим Манзарович, соли таваллудаш 2000, сокин ҳамон ҷо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст".

Манбаъ афзуда, ки аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0