Фаврӣ: Сӯхтор дар бузургтарин фурушгоҳи пойтахт "Ашан"- видео

© Sputnik / Кирилл ШипицинМашина пожарной службы
Машина пожарной службы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони Душанбе мегӯянд дар бузургтарин фурӯшгоҳи марказии пойтахт “Душанбе мол” маъруф бо "Ашан" сӯхтор сар заадааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik.  Дар Душанбе, маҷмааи савдо ва фароғатии "Душанбе Мол" оташ гирифт, шоҳидони ҳодиса навори онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд.

Сӯхтор нимирӯзи сешанбе ба вуҷуд омада сабаби он ҳоло шарҳ дода нашудааст. Аммо, ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, яке аз мизоҷон сигорро дар ҳоҷатхона кашидаву сипас ббозмондаи онро партофтааст, ки сабаби сӯхтори кӯчак шудааст.

Сабти навор дар ошёнаи сеюми фурӯшгоҳи Душанбе, ки дар он ҷой хӯрокворӣ ҷойгир аст, гирифта  шудааст.

Дар навор маълум мешавад, ки ошёнаи навор сабтшуда пур аз дуд шуда, мизоҷон биноро доранд тарк мекунанд.

Дар наворҳо муҳоҳида мешавад, ки сӯхторхомӯшкунандагон бо мошинҳо барои хомӯш кардан дар назди бино қарор доранд.

Ҳамчунин мушоҳида мешавад, ки сӯхторхомӯшкунандагон дар ҷойи ҳодиса ҳузур доранд.

Тибқи иттилои расмӣ, муштариён ва кормандони маркази савдо, аз ҷумла посбонон фавран таҳвил дода шуданд.

Дар бораи зарардидагон ҳоло маълумоте мавҷуд нест.

Лентаи хабарҳо
0