10:20 09 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
304 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ба ҳамтои чинияш Си Ҷинпин ва сарвазири Япония Синдзё Абэ барқияи тасаллият ирсол кардааст.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи тасаллиятро дар робита ба обхезиҳои ахир дар Чин фиристодааст.

Дар номаи раисиҷумҳур аз ҷумла омадааст: “Хабари фоҷеабори сар задани обхезиҳои шадиду дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани мардум ва ба вуқӯъ пайвастани харобиҳои зиёд дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид”.  

Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардии самимии худро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиӣ изҳор дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.

Раисиҷумҳури кишвар ҳамзамон ба сарвазири Япония Синдзё Абэ низ изҳори тасаллият кардааст.

"Хабари дар ҷануби Япония сар задани ярчу обхезиҳои шадид, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон гардида, харобиҳои калонмиқёсро ба бор овардаанд, моро хеле андуҳгин кард",-омадааст дар номаи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи худро ба пайвандону наздикони фавтидагон иброз дошта, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.

Мавзӯъҳои асосӣ