13:24 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1739 0 0

Кормандони раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пойтахт як ҷавони 19 соларо бо иттиҳоми “шантаж”-и ду ҷавондухтар боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздоштшуда донишҷӯйи бахши якуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафарализода Давлатҷон Зуҳуршои истиқоматкунандаи ноҳияи Сино мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда бо ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда, паҳн кардани аксу рақамҳои телефонҳои мобилӣ ва маълумотҳо оид ба ҳаёти шахсии ду ҷавондухтар бо роҳи тамаъҷӯйӣ аз яке 500  ва аз дигаре 400 сомонӣ гирифтааст.

Сафарализода Давлатҷон зимни бозпурсӣ дар навор мегӯяд, соли 2019 саҳифаи “одноклассники” кушодаю номашро Манижаҷон монда бо як мард ошно шудаву бо рақамҳояш ҳамёни мобилӣ кушодааст.

“Баъдтар инстаграм кушодам ва сурати духтаронро гузоштам ва рақамҳою нархашонро 500 сомонӣ менавиштам”,- мегӯяд Сафарализода Давлатҷон.

Ба гуфти боздоштшуда аксҳоро замоне аз саҳифааш пок мекард, ки духтарон тариқи ҳамёни мобилӣ пули хостаашро мегузарониданд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда маблағҳои ба даст овардаашро дар марказҳои букмекерӣ истифода кардааст.

ВУД мегӯяд нисбат ба боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати “шантаж”-и занон аз суи ҷавонон набуда, қаблан низ Кормандони пулиси ноҳияи Деваштич аз боздошти як ҷавон хабар доданд ки бо “шантаж”-и ҷавонзанони деҳотӣ аз онҳо пулу наворҳои маҳрамона мегирифтааст.

Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯӣ Раёсати ВКД дар Суғд, Ҷалолзода Сафаралии 25-сола сокини ноҳияи Кӯшониён бо се ҷавонзан, сокинони ноҳияи Деваштич тариқи интеренет шинос шуда, аксу наворҳои маҳрамонаи онҳоро ба даст оварда, баъдан барои ба даст овардани маблағ ҳамчун манбаи даромад истифода кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ