14:19 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2813 0 0

Роспотребнадзор пешниҳод кардааст, ки бо назардошти беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ парвозҳо бо 13 кишвар барқарор карда шаванд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Русия дар ду марҳила ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоиро бо кишварҳои дигар  барқарор мекунад.

Ин тасмим аз ҷониби ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо паҳншавии коронавирус дар кишвар пас аз як ҷаласа қабул карда шудааст.

Роспотребнадзор идеяи ситоди фавриро дастгирӣ намуд, кушодани парвозҳо ба 13 кишварро пешниҳод кардааст.

Мактуби дахлдорро Михаил Орлов, муовини сардори Раёсат ба Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ва Вазорати нақлиёт фиристодааст.

Дар ин санад гуфта мешавад, ки пас аз таҳлили вазъи эпидемикӣ, Роспотребнадзор 13 кишварро ҳамчун номзад барои барқарор кардани парвозҳо дар марҳилаи аввал баррасӣ мекунад.

Сухан дар бораи Бритониё, Маҷористон, Олмон, Дания, Италия, Нидерландия, Норвегия, Лаҳистон, Финляндия, Чин, Ветнам, Муғулистон ва Шри Ланка меравад.

Казантсев сабабҳои барқарор кардани парвозҳо миёни Русия ва кишварҳои ИДМ-ро гуфт

Ҳамзамон, дар бораи шартҳои барқарор кардани парвозҳо ва имкони қабули шаҳрвандони Русия ба парвозҳо маълумоте нест.

Ёдовар мешавем, ки бар асари пандемияи коронавирус, Русия парвозҳои байналмилалии нақшавӣ ва чартериро 27 март ба таъхир андохт.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Қаблан Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ба фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бораи тамдиди манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия то 1 август дастур дода буд.

Мавзӯъҳои асосӣ