Қатли додарарӯс аз сӯи почо: боздошти марди 31 сола дар Ховалинг

© PixabayНож в руке
Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 31 сола хабар медиҳад, ки дар куштори бародари ҳамсараш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорат, ҳодисаи куштор дар ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг сар задааст.

При въезде в Куляб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Куштор дар бозори марказии Кӯлоб: боздошти ҷавоне ки марди 43 соларо 15 корд зад

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда, санаи 15-уми июли соли 2020, тахминан соати 16:23-дақиқа бо бародари ҳамсараш, марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи мазкур дар роҳи автомобилгарди «Восеъ-Ховалинг», дар кӯчаи 8-март вохӯрда, дар дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки ба марҳум марди 35-сола тааллуқ дорад, баҳсу муноқиша намудаанд.
“Сипас, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани марҳум аз ҷайби шими дар танаш буда, 1-адад корди ошхонагии бо худ доштаашро гирифта, 6-маротиба дар аъзои бадани марҳум задааст”,-афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад,  дар натиҷа марҳум ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст.

ВУД мегӯяд нисбат ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0