04:24 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
159 0 0

Ҷасади сокини 56 - солаи Хуҷандро 250 - 300 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса дарёфт намуданд. Сабаби сар задани ин ҳодиса ҳоло таҳқиқ мешавад

ДУШАНБЕ, 17 июл – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии сокини 56 - солаи  к=чаи Истицлоли шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, сокинони деҳаи Сартуқай зӯҳри 16 - уми июл дар соҳили дарёи Сир сару либоси мардонаро пайдо карданд.

"Чун дар наздикиҳо соҳиби либосҳоро пайдо накарданд, пай буданд, ки ин ҷо ягон ҳодисаи нохуш сар задааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, барои равшанӣ андохтан ба ҳодисаи мазкур ба қисмати навбатдории Раёсати кумита дар вилояти Суғд ин хабар расонда шуд.

Наҷотбахшон соати 13:35 дақиқа 250-300 метр дуртар аз ҷои ҳодиса ҷасади сокини 56-соларо пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ҷавони 26 - сола, ки гирифтори бемории рӯҳӣ буд, дар канали Чузӣ ғарқ шуд

Бино ба маълумоти пайвандонаш ӯ бегоҳии рӯзи 15-уми июл аз хона баромада, дигар барнагашта буд. Ҳоло Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сабабҳои ин маргро таҳқиқ мекунад.  

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, зарфи шаш моҳи сипаришуда 34 нафар дар каналу рӯдҳои кишвар ғарқ шуданд, ки 7 нафари онҳо афроди аз 35-сола боло буданд.

Барчаспҳо:
дарёфт, ҷасад, Сирдарё

Мавзӯъҳои асосӣ