05:03 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
289 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як ҷавони 24 соларо боздошт кардааст, ки дар одамкушӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорат боздоштшуда дар қатли додараш муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштор шаби 15-уми июли соли 2020, тахминан соати 20:00  рух додааст.

“Номбурда, шаби 15-уми июли соли 2020, тахминан соати 20:00 дар хонаи истиқоматиашон бо бародараш ҷавони 18-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 1-маротиба дар қафаси синааш задааст”,-афзудааст манбаъ.

Аммо ВУД шарҳи бештар надодааст, ки чи омил бародаронро ба муноқишаи маргбор овардааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД мегӯяд, нисбат ба боздоштшуда парванда оғоз гардидааст.

Ин нахустин ҳолати кордкашии бародар ба бародар набуда, даҳ рӯз пеш кормандони пулиси шаҳри Конибодом 

як сокини 40-солаи маҳаллиро бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатии додараш боздошт карданд.

Боздошти марде, ки ба гардани бародараш корд зад

Ҳамзамон ин ниҳод, қабл аз ин  як марди 42-сола, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кард, ки пас аз майнӯшӣ бо бародари 41-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба ба гарданаш корд задааст.

 

Мавзӯъҳои асосӣ