12:06 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
156 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 42 - солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар медиҳад, ки дар расондани зарар ба саломатии нафари дигар муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Сокини 60 - солаи деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро нахуст буғӣкарданд ва сипас дасти росташро шикастанд.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар расондани зарари ҷисмонӣ ба номбурда, сокини ҳамин ноҳия марди 42 - сола муттаҳам дониста мешавад ва аз ҷониби кормандони милитсияи дастгир гардиааст.

Манбаъ меафзояд, номбурда, ҳангоми дар назди заминҳои наздиҳавлигиаш қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол карда, ҷабрдидаро буғӣ карда, дастпанҷаи якуми дасти росташро шикастааст.

Дар натиҷа мувофиқи санади ТСТ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун ҷароҳати миёна ба саломатӣ мансуб мебошад.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
буғӣ кардан, боздошт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ