Нигаронии Чиллазода аз бемасъулиятии вазорату идораҳо ва зиёдшавии “дуздӣ”-и пулҳои буҷа

© Sputnik / Амир ИсаевСчетная палата Таджикистана. Архивное фото.
Счетная палата Таджикистана. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарахон  Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бо нигаронӣ мегӯяд, ҳарчанд санҷишҳоро дар вазорату идораҳо кам карда бошанд ҳам, аммо зарари молиявӣ зтёд ошкор шуд

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik.  Раиси Палатаи ҳисоб ин нуктаро зимни як нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон изҳор дошта гуфт, дар шаш моҳи соли  равон зимни санҷишҳо дар вазорату идораҳо зарари молиявиро ба маблағи 89 млн. сомонӣ муайян намудаанд.

Счетная палата Таджикистана. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
27 ширкату корхона аз Палатаи ҳисоб “халос” шуданд – шарҳи мақомот

Ба гуфти Чиллазода, ин нишондод нисбат ба  ҳамин давраи соли 2019 миқдори аудитҳо 45 адад кам,  вале  зарари молиявӣ  631,7 ҳазор сомонӣ зиёд будааст.

Номбурда гуфт, аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 21,7 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 262,3 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 14,4 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1,1 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 3,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Кӣ ҳақ: Кумитаи амнияти озуқаворӣ ё Палатаи ҳисоб?

“Маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 21,6 миллион сомонӣ пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар ғайраҳо  ба буҷет 26 миллион сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 595,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”,- афзуд номбурда.

Ӯ гуфт,  зарари молиявӣ ба маблағи 77,2 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 46, млн. ва ба корхонаҳо 31,2 миллион сомонӣ барқарор гардид.

Палатаи ҳисоб гуфт, барои хунукназарӣ чанд мансабдори давлатиро ҷазо доданд

Ба таъкиди Қарахон  Чиллазода, яке аз сабабҳои роҳ додан ба камбудии молиявӣ ин аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳо дуруст таъмин нагардидани назорати дохилиидоравӣ, ба таври самаранок идора нагадидани маблағҳои ҷудогардида ва назорати ғайриқаноатбахши роҳбарону муттасадиёни  вазорату кумитаҳо нисбат ба фаъолияти  сохторҳои зертобеъ мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0