03:23 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
228320

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд  Нуриддинов Анвархуҷа Ҳайдаровичи 26-соларо бо ҷурми қаллобӣ барои 3 сол равонаи зиндон кард

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Суғд Нуриддинов Анвархуҷа дар се ҳолати қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, номбурда давоми моҳи апрел ва майи соли равон худро корманди мақомоти коррупсия муаррифӣ карда бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз ду хизматчии давлатӣ ва як раиси ҷамоат гӯиё барои ифшо накардани камбудиҳояшон ҷойдошта маблағи пулӣ ба даст овардааст.

Ин дар ҳолест, ки ӯ ягон ихтисос надошта ва додгоҳ соли гузашта низ ӯро дар асоси моддаҳои 111 ва 237 гунаҳгор дониста ҷазо таъйин карда буд.

Манбаъ мегӯяд, Нуриддинов дар ду ҳолат аз  як раиси ҷамоат 10 ҳазор ва аз хизматчии дигар 1000 ва 200 сомонӣ гирифтааст.

“Суҳбатҳо тавассути телефон сурат гирифта, баъди ба мувофиқа расидан, Нуриддинов ба ҳайси шогирд ва иҷрокунандаи супориши роҳбар ба назди ҷабрдидаҳо омада, маблағи маслиҳатшударо ба даст меорад. Ҳоло он ки шахси сеюм вуҷуд надошт ва нафари дар телефон суҳбаткарда низ худи ӯ мебошад”,- афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, дар пайи баррасии парванда додгоҳ Нуриддинов Анвархуҷаро барои 3 сол равонаи зиндони низомаш умумӣ кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ