12:59 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
667 0 0

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро дар дигар кишварҳо мардон низ ба декрет мебароянду дар Тоҷикистон на

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Даврон Валиев, сардори Раёсати таъиноти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаҳои ин ниҳод зимни нишасти матбуотӣ гуфт, агарчи тибқи қонунгузории Тоҷикистон мардҳо ҳақ доранд, ки дар замони ҳомиладории ҳамсаронашон ба рухсатии меҳнатӣ раванд, аммо то ба ҳол ҳеҷ чунин мавриде сабти ном нашудааст.

Вай афзуд, аслан рухсатӣ ба модар аз ҷониби табибон барои барқарор кардани саломатӣ пешбинӣ мешавад.

"Дар дигар кишварҳо мардҳо аз ин ҳаққи худ истифода мекунанд, аммо дар мо на. Сабаб ин аст, ки дар он кишварҳо бархе занҳо аз мардон зиёдтар маош мегиранд ва барои сатҳи иқтисодии оиларо поин наовардан мардро лозим аст, ки дар хона нишинаду зан кор кунад. Агар музди меҳнати занҳои мо ҳам зиёд бошад, бовар кунед, мардон низ хонашин мешаванд”, - гуфт Даврон Валиев.

Чаро Мафтуна кӯдаки думоҳаашро дар метрои Маскав гузошту фирор кард?

Тибқи моддаи 107 – и Кодекси меҳнати Тоҷикистон – "Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнатӣ",  мардон ҳамчунин ҳақи рухсатии меҳнатӣ ҳангоми ҳомиладории ҳамсарро доранд. Дар банди 5 – и ин модда омадааст: "Ба мардон мувофиқи хоҳишашон ҳангоми рухсатӣ барои давраи ҳомиладорӣ ва таваллуди ҳамсарашон рухсатии ҳарсолаи меҳнатӣ пешниҳод карда мешавад.

Кодекси меҳнати Тоҷикистон аз соли 1997 ба ин сӯ амал мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ