Интиқомгирии афғондухтари ноболиғ аз Толибон: барои қатли падару модараш ду ҷангиро кушт

© AFP 2023 / NOORULLAH SHIRZADAАфганская девочка проходит мимо руин здания
Афганская девочка проходит мимо руин здания - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Афғондухтар ҳамагӣ 14 - сола буда, барои қатли волидонаш аз ҷӯйи ҷангиёни Ҷунбиши ҳаракати Толибон ду нафарро паронд ва чанд тани дигарро захмӣ намуд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар музофоти Ғури Афғонистон духтари 14 - сола ду ҷангии Толибонро паронд ва чанд нафари дигарро шадидан захмӣ намуд, хабар медиҳад агентии Франс Пресс.

Толибон боз ҳамла мекунанд: силсила ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон
Толибон боз ба ҳамалоти худ шурӯъ карданд: созишномаи сулҳ чӣ мешавад? - навор

Ба иттилои манбаъ, ҷангиёни Ҷунбиши радикалии Толибон ба хонаи Қамар Гули 14 - сола ворид шуда, падарашро бо худ бурдани шуданд, ки дар натиҷа ҳамсари ӯ муқобилият нишон дод ва силоҳбадастон ҳар дуи онҳоро ҳадафи тир қарор доранд.

Гуфта мешавад, дар ин асно духтари ноболиғ милтиқи АК - 40 - ро гирифта, ду толибро кушт ва чанд ҳамраҳи онҳоро маҷрӯҳ кард.

"Ҷазира барои Толибон": ҳамла аз Туркманистон бар Афғонистон буд ё не?

Манбаъ аз қавли Ҳабибураҳмон Маликзода волии ин музофот хабар медиҳад, ки Гул ва бародари кӯчакашро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи амнтар куч доданд.

Дар Афғонистон бархӯрд миёни қувваҳои давлатӣ ва ҷангҷӯёни ҷунбиши радикалии Толибон ҷараён дорад. Нуфузи гурӯҳи Давлати исломӣ (дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки фаъолияташ мамнӯъст) дар Афғонистон афзоиш ёфтааст. Нерӯҳои Миллии Дифоъ ва Амнияти Афғонистон дар саросари кишвар амалиёти муштараки зиддитеррористӣ анҷом медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0