00:51 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
458 0 0

Мақомоти Озарбойҷон аз мусодираи ҳазорҳо шиша оби газноки муҳлатгузаштаи истеҳсоли Тоҷикистон хабар доданд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар як фурӯшгоҳи маҳаллӣ миқдори зиёди маҳсулоти пастсифат аз Тоҷикистон пайдо шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Оҷонсии амнияти озуқавории Озарбойҷон.

Ба иттилои манбаъ, маҳсулоти дорои сифати номувофиқ дар дар кӯчаи Саид Ҷаъфар Пешоварии ноҳияи Насими Боку ёфт шуд.

Кормандони мақомоти танзимкунанда беш аз 25 ҳазор шиша оби нӯшокиро бо ҳаҷми 0,5, 1 ва 1,5 литр мусодира кардаанд.

Гуфта мешавад, обҳои газдор ва бегаз дар анбори мағозаи озарбойҷонӣ бидуни риояи ҳарорат нигоҳ дошта шудааст.

Парвандаи соҳибкори бозори “Панҷшанбе”: гӯшти куҳнаю сармозадаро ба фурӯш баровардааст

Тибқи иттилои манбаъ, обҳои мусодирашуда истеҳсоли ширкатҳои “Оби Зулол”, “Сиёма” ва “Ҳавотоғ” будааст.

Манбаъ мегӯяд, бо қарори Оҷонсии амнияти озуқаворӣ фурӯши обҳои ошкоршуда пурра манъ карда шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ