04:48 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
34401

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки зарари расонидашуда дар натиҷаи сӯхтор ба бозори “Деҳқон” тақрибан 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор дар бозори “Деҳқон”  ба маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ молу амволи фурӯш ва биноҳои ҳамшафат аз коми оташ наҷот дода шуд.

ВУД Тоҷикистон таъкид доштааст, ки сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодабарии яхдон дар нуқтаи савдои №42, ки ба соҳибкори инфиродӣ Идиев Дилшод Ҳақдодович, сокини шаҳри Душанбе, мансуббуда мебошад.

Гуфта шудааст, ки сӯтор санаи 22-юми июли соли равон соати 00:29-дақиқа, дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бозори Деҳқон”, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе ноҳияи Сино, кӯчаи Борбад-15 ҷойгир шудааст, дар масоҳати 134 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа 16 нуқтаҳои савдоро пурра ва 8 нуқтаҳои савдоро қисман фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳн гардидани алангаи оташ ба дигар биноҳои дар шафати бозори “Деҳқон” бударо ба миён оварда буд.

Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-оташнишонӣ, аз ҷониби кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он ҳодисаи сӯхтор дар соати 01:14-дақиқа иҳота карда шуда, дар соати 01:27-дақиқа бо пуррагӣ хомӯш карда шуд.

Инчунин манбаъ таъкид доштааст, ки таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор идома дорад.

Барчаспҳо:
хисорот, зарар, бозори Деҳқон, сӯхтор, бозор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ