11:59 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
98101

Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ афзоиши парвандаҳои марбут ба заминро шарҳ дода гуфт, назорати нақзи қонунгузории замин беш аз пеш шиддат дода мешавад

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Содиқ Сироҷзода, ки дар нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон суҳбат мекард, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, харидуфурӯш ё ғайриқонунӣ аз худ кардани замин мавриди таваҷҷӯҳи хоси раҳбарияти давлат қарор гирифтааст ва ба хотири ҷилавгирӣ аз ин ҷиноёт сол то сол муборизаи ниҳодҳои дахлдор пурзӯр мешавад.

“Шахсоне, ки аз нодониву ноогоҳии шаҳрвандон ё раҳбарияти муассисаҳои хос истифода карда, бо роҳи фиреб ва нақзи қонун заминҳоро ба онҳо мефурӯшанд, мавриди таваҷҷӯҳи хоси мақомоти зидахл, бахусус прокуратура ҳастанд.Даҳҳо нафаре, ки бо роҳи фиреб ба шаҳрвандон ва ҳатто ташкилотҳо замин фурӯхтаанд, боздошту муҷозот ва аз озодӣ маҳрум шудаанд. Шахсони мансабдор низ барои хунукназарӣ ва наандешидани чораҳои зарурӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд”, - гуфт Содиқ Сироҷзода.

Моддаи 13 – и Конститутсияи Тоҷикистон ва дигар қонунҳои вобаста ба моликият замин моликияти истисноии давлат мешуморанд. Аммо солҳо ба ин сӯ хариду фурӯш ва ғайриқонунӣ аз худ кардани замин яке аз ҷиноятҳоест, ки дар Тоҷикистон бештар аз ҳама содир мешавад.

Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, танҳо тайи нимсолаи аввали соли равон ин ниҳод барои бартараф намудани қонуншиканиҳо дар қонунгузории замин 2219 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ намуда, 3 ҳазору 238 нафарро ба ҷавобгариҳои моддӣ, интизомию маъмурӣ кашидаааст.

Бино ба иттилои ин манбаъ, дар ин замина 513 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 6 ҳазору 286, 2 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида, зиёни молӣ ҳам ба маблағи 1,6 миллион сомонӣ барқарор шудааст.

Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ахиран дар нишасти матбуотии ниҳодаш хабар дод, ки беш аз 600 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳиро вобаста ба ҷудо кардани қитъаҳои замин дар асоси эътирозҳои прокурорӣ бекор шудааст.

“Шахсони масъули шаҳру ноҳияҳо, ки ба ғайриқонунӣ тақсим кардани замин даст доштанд, ба ҷавобгарии дахлдор кашида шуданд, аз ҷумла раиси шаҳри Кӯлоб маҳз барои дағалона вайрон кардани талаботи қонунгузории замин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст”, гуфт Юсуф Раҳмон.

Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб 8 июли соли равон аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноёти коррупсинонӣ боздошт шуда буд.

Барчаспҳо:
Прокуратураи генералии Тоҷикистон, парванда, хариду фурӯш, назорат, замин, ёрдамчии президент, Суди Олии иқтисодӣ

Мавзӯъҳои асосӣ