01:45 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
365631

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти,  як сокини 25 солаи пойтахт хабар медиҳад, ки худро шаҳрдори Душанбе ва ҷияни он гирифта ба қаллобӣ даст задааст

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, бо ҷурми қаллобӣ мақомоти пулиси пойтахт Яъқубов Сорбон Вайсиддиновичро боздошт кардааст.

Бино ба иттилои манбаъ, номбурда аз соли 2011 ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда то соли 2013 таҳсил кардаву бинобар сабаби насупоридани маблағи шартнома аз донишгоҳ хориҷ мешавад.

Манбаъ мегӯяд, номбурда моҳи сентябри соли 2017 аз рақамҳои мобилияш ба декани Факултаи физика -математика Раҳмонов Шариф занг зада, худро шаҳрдори Душанбе муаррифӣ карда, уро супориш додааст, ки Яъқубов Сорбон, ҷиянаш ҳасту ӯро ба донишгоҳ барқарор намояд.

Ба иттилои манбаъ дар пайи ин занг декан ӯро дар курси сеюм барқарор мекунад.

“Дар раванди таҳсил Яъқубов Сорбон ба боварии декани факулта даромада, ӯро бовар кунонидааст, ки номбурдаро ба мансаби сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф таъйин мекунад”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, номбурда ҳаракатҳои маккоронаи худро давом дода соли 2018 то моҳи марти соли 2020 аз Раҳмонов Шариф 186 ҳазор сомонӣ ва як адад автомобили опел астраро бо роҳи қаллобӣ гирифтааст.

ВУД мегӯяд, нисбат ба боздоштшуда парванда оғоз гардида, ҳар нафаре ба доми фиреби ӯ афтода бошад, метавонад ба мақомот муроҷиат кунад.

Мавзӯъҳои асосӣ