04:11 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
551 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз пайи пайдо кардани ҷавони 20 - сола ҳастанд, ки сокини пойтахт аз болои ӯ ба кормандони пулис шикоят бурд

ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Сокини 42 - солаи ноҳияи Фирдавсӣ ба ШВКД-1 ҳамин ноҳия аризаи шикоятӣ додааст, хабар медиҳад ВУД.

Ба иттилои манбаъ, ин зан аз болои ҷавони 20 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷ. Балхӣ ба кормандони милитсия арзи шикоятӣ намудааст.

Раис аз дасти коргар фиреб хурд: боздошти корманди ширкати “Афзалият-Групп” барои қаллобӣ

Ба изҳори номбурда, ҷавон ба боварии духтари ноболиғаш, ки 17 - сола аст, даромада, моҳи феврали соли 2020 аз ӯ 7 ҳазор доллар гирифтааст.

Ба изҳори сокини пойтахт, ҷавон то ҳол маблағҳои гирифтаро бозпас наовардааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
доллар, пулис, зан, шикоят

Мавзӯъҳои асосӣ