01:42 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
129 0 0

Андозаи миёнаи нафақа дар вилояти Суғд якуним фоиз кам шуда, шумораи умумии нафақагирон, баръакс, зиёд шудааст

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ҳаҷми миёнаи нафақа дар вилояти Суғд 1,5% коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад SugdNews бо истинод ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ин минтақа.

Дар соли 2019 андозаи миёнаи нафақа 292,84 сомонӣ буд, дар соли 2020 ба 288,28 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Ҳамин тариқ, нафақаи миёна дар вилояти Суғд 4,5 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Ниҳод инчунин дар бораи саривақтии пардохтҳо гузориш дода, қайд кардааст, ки маблағи нокифояи нафақа аз ҳисоби маблағҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ пардохта шудааст.

Мақомоти Хатлон: андоз ҳам беш сад фоиз ҷамъ шуду, нафақа ҳам таъмин аст

Гуфта мешавад, шумораи умумии нафақагирон дар вилояти Суғд аз 230 ҳазор нафар зиёд буда, танҳо давоми соли ҷорӣ 5807 нафар зиёд шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ