Дарёфти ҷасади шаҳрванди Туркманистон аз канали Ҳисор

© КЧС РТТело 25-летнего гражданина Туркменистана было найдено вчера в Гиссарском Гранд-канале
Тело 25-летнего гражданина Туркменистана было найдено вчера в Гиссарском Гранд-канале - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Туркманистон рӯзи 8-уми июли соли равон ҳангоми оббозӣ аз баландии 5-6 метр худро ба дарёи Душанбе ҳаво додааст

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз дарёфти ҷасади шаҳрванди 25-солаи Туркманистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, ҷасади як шаҳрванди 25-солаи Ҷумҳурии Туркманистон рӯзи гузашта аз канали калони Ҳисор, шафати “Кӯли Ҷавонон” пайдо шудааст.

"Сариев Перхат зодаи Туркманистон буда, муваққатан дар шаҳри Душанбе мезистааст", - омадааст дар хабарнома.

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки наҷотдиҳандагон ҷасадро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Худкушӣ ё ҳодисаи нохуш: дарёфти ҷасади сокини 56 - солаи Хуҷанд аз рӯди Сир

Манбаъ афзуда, ки шаҳрванди Туркманистон рӯзи 8-уми июли соли равон ҳангоми оббозӣ аз баландии 5-6 метр худро ба дарёи Душанбе ҳаво додааст ва чун сараш сахт зарб хӯрда буд, дар об ғарқ шуд.

Лентаи хабарҳо
0