03:47 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
284 0 0

Кормандони бахши амниятии Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳамдастӣ бо мақомоти он кишвар Беҳрӯзҷон Ҷалолови 28 соларо бо ҷурми қаллобӣ ва фиреби шаҳрвандон боздошт кардаанд

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Бино ба гузориши Хуршеди Саидаҳмад, Беҳрӯзҷон Ҷалолов бо роҳи фиреб ва дастрас кардани чиптаҳо аз шаҳрвандон маблағҳои ҳангуфт гириятааст.

Ба иттилои манбаъ, санаи 17 июл ҳаракатҳои ноҷо ва зуд зуд дар миёни барӯйхатгирандагон пайдо гардидани Ҷалолов Беҳрӯзҷон Камолиддинович зери шубҳаи мақомоти расмӣ қарор гирифта

“Баъдан муаян карда шуд, ки ӯ бо роҳи фиреб аз 13 шаҳрванди кишвар аз 25 ҳазор то 100 ҳазор рублро гирифта, ваъда додааст, ки ба онҳо дар наздиктарин рӯз чипта харидорӣ менамояд”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, баъди санҷиши дақиқ ва шикояти худи шаҳрвандони ҷабрдида маълум шуд, ки Беҳрӯзҷон Ҷалолов соли таваллудаш  зодаи ноҳияи Панҷ, муваққатан истиқоматкунандаи вилояти Москва худро кормандии мақомоти расмии Тоҷикистон дар Русия муаррифӣ карда даст ба қаллобӣ задааст.

Манбаъ мегӯяд Беҳрӯзҷон Ҷалолов, дар умум 490 ҳазор рубли шаҳрвандонро бо роҳи фиреб  азхуд кардааст.

Беҳрӯзҷон Ҷалолов, худро ба мусофирон корманди сафорат ва фурудгоҳ муаррифӣ карда, онҳоро фиреб додааст.

Дар гузориши видеоӣ яке аз ҷавони ҷабрдида мегӯяд, вақте бо ӯ шинос шуд, худро намояндаи фурудгоҳам гуфт.

"ман пурсидам, ки чӣ кор кардан даркор? Чӣ хел кунем, ки Тоҷикистон равем ? Гуфт, 25 ҳазор ба корти бонкии ман гузарон, рӯзи 16-уми июл равонат мекунам, чиптаро меорам, медиҳам дар дастату боқимондаи пулро баъд мегузаронӣ. Ман 25 ҳазор ба корташ гузарондам ва зангаш задам, ки пулро гузарондам. Гуфт, дар як-ду рӯз коратро ҳал мекунам. Дигар ҳар қадар занг мезадем, намегирифт”.

Мавзӯъҳои асосӣ