11:15 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
108 0 0

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини якуми шаҳрдори Душанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки дар пойтахт шумораи издивоҷ ва талоқ коҳиш ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода гуфт, дар шаш моҳи аввал, нисбат ба соли 2019, шумораи талоқҳо 49 адад кам шуда,  931 ҳолатро ташкил медиҳад. Аз рўи фоизҳо шумораи талоқҳо дар муносибатҳои оилавӣ 5% кам шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондод дар таносуби шумораи издивоҷ низ дар Душанбе мушоҳида мешавад.

Манбаъ мегӯяд, давоми шаш моҳ дар пойтахт 2199 оилаи нав ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбатба ҳамин давраи соли гузашта 567 ҳолат ва ё 20,5% камтар аст.

Гуфта мешавад, сабаби асосии кам шудани шумораи ақди никоҳ пандемияи коронавирус мебошад, ки дар пайи он он тӯйҳо аз 26 май то 20 июн манъ карда шуданд.

Мақомот мегӯянд, дар пайи дубора иҷозат шудани баргузории тӯй дар доираи маҳдуда шумори ақди никоҳҳо кам ба назар мерасад.

Олимон омилҳое, ки хатари марги бармаҳалро зиёд мекунанд, гуфтанд: оилавайронӣ 45%

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон рӯзӣ гузашта фармонеро содир кард, ки бар асоси он баргузории тӯйҳои хонадошавӣ танҳо дар доираи 40 нафар иҷозат дода мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ