10:56 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
164 0 0

Аз 67 сохтмони хонаҳои зарардигарон аллакай ду тоаш ба итмом расида, бунёди боқимонда манзилҳо дар ҳоли анҷомёбист

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон сохтмони 67 хона барои сокинони зарардида аз сел ба анҷом мерасад.

Ба иттилои манбаъ, ду хонавода аллакай метавонанд вориди хонаи худ шаванд.

“Бар замми ин имрӯз дар яке аз хонаҳои навсохти рустои навбунёд тӯйи арӯсии ду ҷавон баргузор гардид” ,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир тармими хонаҳои навбунёд идома дошта, дар кутоҳтарин фурсат кулли сокинон ба манзилҳои нави худ ворид мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳоло дар ҳамаи хонаҳо хатҳои нерӯи барқ ҳам кашида шуда, андова ва  рангуборкунӣ идома дорад.

“Дар ин рустои нав ҳамчунин сохтани бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, маркази савдо дар назар аст. Қарор аст 1,5 километр роҳ низ мумфарш шавад ва барои таъмини сокинон бо оби нӯшокб 18 чоҳ кананд”,- афзудааст манбаъ. 

Хонаи осебдидагон дар Хуросон бомпӯш шуд-акс

Ёдрас мешавем, 14 май дар пайи боришоти зиёд ва омадани сели азим, 67 хонаи сокинони деҳаҳои Неъматулло Асадулло ва Партизани Хуросон хароб шуданд. Зарари умумӣ аз офатҳои табиӣ 6 миллиону 725 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ