11:39 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
284 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз гармои шадид давоми чанд рӯзи оянда хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ин ниҳод бо такя бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар гуфтааст, ки нимаи дуюми даҳаи охири моҳи июл гармтарин рӯзҳохоҳанд буд.

Ба иттилои манбаъ, дамои ҳаво рӯзҳои 25 – 28 июл то 44 дараҷа хоҳад расид.

“Бар асари ин гармӣ дар баландкӯҳҳо эҳтимоли беш аз ҳадди интизор об шудани барфу пиряхҳо вуҷуд дорад ва ин метавонад боиси он шавад, ки дар дарёҳои Панҷу Вахш сатҳи об боло равад. Омадани сел ва рух додани обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг ҳам эҳтимол дорад” ,- афзудааст манбаъ. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ба сокинон ва меҳмонони ноҳияҳои кӯҳӣ даъват кардааст, ки дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд. Бахусус ҳангоми ҳезумчинӣ, чаронидани чорво, шикор зиракиро аз даст надиҳанд. 

Кумита ҳамчунин дигарбора аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки қоидаҳои бехатариву амниятро ҳангоми оббозӣ ва будубош дар соҳили обҳо риоя намоянд. Бахусус, ба бачаҳо эътибор диҳанд, кӯдакону наврасонро беназорат нагузоранд.

Мавзӯъҳои асосӣ